Шумораи гирифторон ба вируси чинӣ ба 12 ҳазор расида, то 2-юми феврал 304 нафар бар асари гирифтори ба ин вирус ҳалок гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, шаш мансабдорро дар шаҳри Хуангганг, ки дар наздикии маркази Вуҳан ҷойгир аст, мақомдорони чинӣ бо сабаби нишондиҳандаҳои бади корӣ дар мубориза бо ин беморӣ, аз кор сабукдӯш карданд, – хабар медиҳад агентии расмии Синхуа.

Кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ҳудуди Вуҳан умр ба сар мебаранд, дар талоши баргардонии сокинони худ аз ҳудуди Чин ва коҳиш додани равобит бо ин мамлакат шудаанд.

Вазорати умури дохилии Ироқ, 2-юми феврал вуруди хориҷиёнро, ки аз Чин омадад буданд, ба қаламрави кишвараш манъ кард. Гуфта мешавад, ки ин авзо ба кори ширкати нафту гази Чин, ки яке аз сармоягузорони бузург дар истихроҷи нафти Ироқ ба ҳисоб меравад, халал ворид мекунад.

Дар мавриди баргардонии донишҷӯён, Арабистони Саудӣ аллакай даҳ донишҷӯйи худро 2-юми феврал тавонист баргардонад. Дар ин хусус вазири корҳои хориҷии ин кишвар Файсал бин Фарҳанг, дар саҳифаи расмии твиттери худ  хабар додааст.

– Таҳти роҳбарии оқилона 10 донишҷӯйи саудӣ аз Вуҳан эвакуатсия шуда, ба мамлакат саломат омаданд, – навишта шудааст дар твиттери Файсал. – Донишҷӯён 15 рӯз дар карантин ҷойгир карда шуданд, аммо онҳо ягон нишонаи коронавирусро нишон надодаанд.

Файсал дар твиттер аз талошҳои мақомоти Чин дар самти интиқоли донишҷӯён махсус ёдовар шуд.

– Мо кӯшишҳои мақомоти Чинро, ки дар рафъи монеаҳо ба дастаи мо кӯмак расониданд, баҳои баланд медиҳем, – навиштааст Файсал бин Фарҳанг.

Феълан, дар шаҳри Вуҳани Чин 50 нафар донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд. Ҳамаи ин панҷоҳ донишҷӯ дар минтақаи карантин буд, интизори баргаштан ба ватананд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь