Ожонси байналмилалии имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) эълом кард, ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза шаҳид мешавад. Дар ин бора Parstoday хабар медиҳад.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) дар гузорише эълом кард, дар сояи бомбаборони бесобиқаву мустамари режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ки аз ҳафтуми октябр оғоз шудааст ва то кунун идома дорад, ба таври миёнгин ҳар даҳ дақиқа як кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат мерасад ва ду кӯдаки дигар маҷруҳ мешаванд.

Гуфтанӣ аст, бар асоси баёнияҳои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябр то кунун 10 ҳазору 22 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд, ки 4104 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд.

Ҳамчунин 25 ҳазор кас дар ҷараёни ҳамалоти мустамари режими саҳюнистӣ маҷруҳ шудаанд, ки ағлаби онҳо кӯдакон ҳастанд. Вазорати беҳдошти Фаластин 2350 мавриди нопадид шуданро низ сабт кардааст, ки наздик ба 1300 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь