Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи шанбе, 21 август, аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-и шаҳри Ангрен, воқеъ дар вилояти Тошканд, боздид кард. Дар ин сафар бо Абдуҷаббор Раҳмонзода як гурӯҳ кормандони сафорат низ ҳамроҳӣ карданд.
Меҳмонҳоро мудири шӯъбаи таълими халқи шаҳри Ангрен Роҳила Абдуқодирова, директори мактаб Зебо Маҳкамова бо гурӯҳи омӯзгорон хеле гарм истиқбол карданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ташриф аввал бо фаъолияти курсҳои омӯзишии забони инглисӣ ва кор бо компютерҳо аз наздик ошно шуд. Дар ҷараёни он сафири Тоҷикистон ба забони фасеҳи инглисӣ вориди суҳбату мулоқот шуд. Чунин забондонии сафири тоҷик мулоқоти уву омӯзгорон ва шогирдони онҳоро боз ҳам шавқовару рангин намуд.
– Беҳуда намегӯянд, ки забон донӣ-ҷаҳон донӣ. Ба роҳ мондани курси омӯзиши забони инглисӣ барои шогирдони мактабатон дар давраи таътил иқдоми хубест. Чунки донистани ин забон дари имкониятҳои зиёдро ба рӯи ҷавонон боз менамояд. Онҳо метавонанд дар ҳар гӯшаи дунё ба ин забон суҳбат кунанд ва дар ягон ҷо дарнамонанд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Маълум шуд, ки толибилмони мактаб аз омӯзгорони забони инглисӣ гурӯҳ-гурӯҳ шуда сабақ меомӯзанд. Дар ҳар гурӯҳ 30 нафарӣ шомил буда, онҳо бо навбат ба машғулият фаро хонда мешаванд. Дар гурӯҳи омӯзишии комютер низ машғулиятҳо хеле хуб пеш мерафтанд.
Дар ҷараёни ташриф меҳмонон бо сарварии Абдуҷаббор раҳмонзода синфхонаҳои васеъ ва равшан, ҳамзамон муҷаҳҳазро тамошо карданд ва итминон ҳосил намуданд, ки мактаби тоҷики Ангрен комилан барои фаро хондани шогирдон дар соли нави таҳсил омода мебошад.
Баъд маросими расмии ин мулоқот баргузор гардид. Абдуҷаббор Раҳмонзода роҷеъ ба дӯстиву рафоқати миёни ду халқи дӯст ва бародар-тоҷикон ва ӯзбекон хеле бо ҳарорат ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки бо ташаббуси сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин дӯстиву рафоқат беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тавсеаву рушд менамоянд.
-Қаблан шунида будам, ки мактаби шумо аз калонтарин мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон муаррифӣ мешавад. Мо аз ҷараёни таълиму тадрис дар он низ то андозае огоҳ ҳастем. Кӯшиш мекунем, ки ҳамкориҳои сафорату муассисаҳои таълимие, ки таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, дар оянда боз дофан фарох намояд, – изҳор кард сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Баъд Абдуҷаббор Раҳмонзода тазаккур дод, ки ба ин мактаб даст холӣ наомадаанд. Зимнан вай чанд бастаи китобҳоро ба хазинаи китобхонаи ин мактаб тақдим намуд.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода Тоҷикистон ҷиҳати рафъи камбуди омӯзгороне метавонад кумак намояд, ки дар ин мактаб ва муассисаҳои дигари таълимӣ эҳтиёҷ ба он бештар эҳсос мегардад.
-Чунин суҳбату мулоқотҳо аз ҳар нигоҳ хеле муҳим мебошанд. Ҷамъи омӯзгорон аз мулоқоте, ки бо сафири Тоҷикистон анҷом пазируфт, хеле хушҳолу хурсанд шуданд. Ин гуна мулоқотҳо бояд минбаъд низ роҳандозӣ шаванд, – гуфт мудири шӯъбаи таълими халқи шаҳри Ангрен Роҳила Абдуқодирова.
-Дар мактаби мо 1 ҳазору 475 нафар фарзандони мардуми тоҷиктабори шаҳри Ангрен таҳсил мекунанд. Ба онҳо 82 нафар омӯзгорони соҳибтаҷрибаву ҷавон сабақ медиҳанд. Соли гузашта аз фориғуттаҳсилони мактаби мо 38 нафар ба донишгоҳҳои мухталифи Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил шуданд. Ин теъдод нисбат ба як соли пеш 12 нафар зиёд аст,-гуфт директори мактаби мазкур Зебо Маҳкамова.
Вай афзуд, ки имсол низ ҳудуди 100 нафар ба донишгоҳҳои гуногун ҳуҷҷат супоридаанд. Ҳанӯз натиҷаҳои имтиҳонҳо маълум нашудааст. Ба гуфтаи ӯ аз 126 нафар хатмкунандаи мактаб 100 нафар даъвогарӣ кардани шогирдон баёнгари он мебошад, ки сатҳи донишдиҳӣ дар ин мактаб мувофиқи талаби замон ба роҳ монда шудааст.
Қарор аст, ки корҳои эҷодии омӯзгорони мактаби рақами 17-и шаҳри Ангрен мавриди табъу нашр қарор мегирад. Гуфта шуд, ки дар ин маврид сафорати Тоҷикистон дар Тошканд мусоидат хоҳад кард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд