Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, дар доираи манъи «намоиши нишонаҳои равияҳои харобиовари мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ» андозаи мондани ришро низ муайян кунанд. Дар ин бора вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев 29 январ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, «риши махсус ва шими кутоҳ» яке аз нишонаҳои равияҳои мазкур буда, шахсе пайрави онҳо дониста мешавад, ки ҳамаи ин нишонаҳоро дар якҷоягӣ дошта бошад. Вазири қазоқ мегӯяд, ин нишонаҳо дар натиҷаи ташхиси махсус муайян карда мешаванд.

«Агар лозим шавад, дарозии риш ҳам қайд карда мешавад. Дар баробари симои зоҳирӣ, ҳамчунин онҳо чӣ мегӯянд ва чиро таблиғ мекунанд, ба назар гирифта хоҳад шуд. Яъне, мутахассисон беасос касеро ба ҳимоят аз равияҳои тундрав айбдор нахоҳанд кард», – афзудааст Ермекбоев.

Вазорати умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мехоҳад, нишонаҳои мазкурро дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии ин кишвар муайян кунад. Ин имкон дар пайи қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи фаъолиятҳои динӣ ва иттиҳодияҳои динии Қазоқистон» фароҳам хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ермекбоев, нишонаҳои равияҳои харобиовари динӣ метавонанд, ҳам зоҳирӣ ва ҳам идеологиву равонӣ бошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь