Муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ки ӯ муваққатан роҳбари давлат аст. Вай ба Қонуни Асосии Афғонистон ишора кард ва дар ин бора дар Твиттер навишт.
Мувофиқи Конститутсияи Афғонистон, дар сурати набудан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини ӯ президенти муваққатӣ мешавад. “Ман ҳоло дар кишвари худ ҳастам ва президенти қонунӣ ҳастам. Ман аз ҳамаи роҳбарон хоҳиш мекунам, ки дастгирӣ ва ризоияти онҳоро ба даст орам”, – навиштааст Солеҳ.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк карда, гӯё ба Тоҷикистон парвоз кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳавопаймои ҳомили Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудаст ва ба дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.
Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук паёмеро нашр кард, ки дар он истеъфояш аз мақоми президентӣ ва фирор аз кишварро шарҳ додааст. “Ман бо интихоби душвор дучор шудам: ман бояд бо толибҳои мусаллаҳ, ки мехостанд ба қаср ворид шаванд, рӯ ба рӯ шавам ё ватанеро, ки ҳаётамро ба он бахшидаам, тарк кунам … Барои пешгирӣ аз хунрезӣ ман фикр екардам, ки беҳтар аст тарк кунам”, навиштааст ӯ.
Ҳоло дар куҷо будани Ашраф Ғанӣ маълум нест.
Амруллоҳ Солеҳ қайд кард, ки айни замон ӯ бо сарони дигар давлатҳо дар тамос аст. Вай аз шаҳрвандони Афғонистон даъват кард, ки ба муқовимат бо Толибон ҳамроҳ шаванд. Ноиби президенти Афғонистон таъкид кард, ки бар хилофи ИМА ва НАТО, афғонҳо ҳеҷ гоҳ ҳуши худро аз даст надодаанд.
Рӯзи 15 август ҷангҷӯёни Толиб вориди Кобул шуданд ва “поёни ҷанг” дар Афғонистонро эълон ва онро “озодии” кишвар унвон карданд. Ҳоло тамоми қаламрави Афғонистон ба истиснои вилояти Панҷшер – ватани фармондеҳи афсонавӣ Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷониби Толибон ишғол шудааст.
Амруллоҳ Солеҳ яке аз мухолифони оштинопазири Толибон дониста мешавад. Борҳо қасди ҷони ӯро кардаанд, ки охиринаш 9 сентябри соли 2020 рух дода буд.
Ин сиёсатмадори маъруф дар соли 2019 дар маъракаи интихоботи президентӣ ба ҳайси муовини аввали Ашраф Ғанӣ ширкат варзид. Аз моҳи апрели соли 2020 Амруллоҳ Солеҳ ба ҳайси муовини аввали президенти Афғонистон кор мекунад.