Як гурӯҳи нерӯҳои амрикоӣ бо қарори президенти ИМА Доналд Трамп марзи Сурияро ба сӯи вилояти Даҳук дар шимоли Ироқ убур карданд. Онҳо пеш аз ин амал пойгоҳи низомии худро бомборон карданд.
Корвони нақлиётии амрикоӣ тақрибан 100 мошини боркашро, ки муҳофизони низомӣ ҳамроҳӣ мекарданд, рӯзи якшанбе, 20-уми октябр аз шимоли Ироқ ба қаламрави Сурия ворид гардид, то пойгоҳҳои низомии ИМА-ро аз қаламраве, ки Туркия амалиёти низомии худро бо номи “Манбаи сулҳ” анҷом медиҳад, берун барад. Имрӯз ин корвон ба Ироқ баргашт.
Тибқи иттилои Рейтер, дар рӯзҳои охир тақрибан 100 воҳид мошинҳои зиреҳпӯш аллакай ба Ироқ фиристода шудаанд.
Қаблан, нақша буд, ки аз шимолу шарқи Сурия ба Ироқ тақрибан 700 сарбоз дар ҚФО интиқол дода шавад, – гуфт вазири дифои ИМА Марк Эспер. – Онҳо дар ғарби Ироқ ҷойгир карда мешаванд ва муборизаро бо гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ идома хоҳанд дод.
16 октябр нерӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти сарпарастии ИМА пойгоҳи низомии худро, ки дар ҳудуди шаҳри Айн ал-Араб (инчунин бо номи Кобани маъруф аст) дар 150 км аз Ҳалаб дар шимоли Сурия воқеъ аст, комилан барҳам доданд. Худи ҳамон рӯз нерӯҳои эътилофӣ шаҳрҳои Раккаъ ва Табка дар шимолу шарқи Ҷумҳурии Арабистонро тарк карданд. Баъд Иёлоти Муттаҳида пойгоҳи ҳавоии худро дар Клейб, наздикии Тел Тамар, бомбаборон кард, то касе аз он истифода накунад.