Раиси бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода тасмим дорад, дар ду соли охир шумораи занонро дар сатҳи роҳбарикунанда ва марказҳои хизматрасонии бонк зиёд карда, сафи онҳоро то ба 70 дарсад расонад.
Номбурда имрӯз, 2-юми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки «Амонатбонк» беш аз 3000 нафар корманд дорад, ки 978 нафарро занон ташкил мекунанд.
– Мо мехоҳем дар бонкҳо сафи занҳои коргарро зиёд кунем, зеро кори бонк аслан ҳисобу китоб буда, душвор нест. Ба мардҳо ҳам ҷойи кор пайдо мешавад. Ба қарибӣ НБО «Роғун» ба кор медарояд, корхонаҳои саноатӣ кушода мешаванд, рафта кор мекунем. Модарҳову хоҳарҳоямон соҳиби ҷойи кор шаванд, ин хуб нест? – гуфт Ҳакимзода.
Соле қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони бонкҳои Тоҷикистон таъкид карда буд, то дар сохторҳои бонкӣ занону духтарон ва нафарони имконияташон маҳдуд бештар ба кор қабул карда шаванд. Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» аз ин пешниҳод илҳом гирифта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат пайваста чора меандешидаанд.
– Дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишвар рӯйхати духтаронеро, ки тибқи квотаҳои президентӣ аз рӯи ихтисосҳои «молия ва қарз», «фаъолияти бонкӣ», «технологияи иттилоотӣ», «муносибатҳои иқтисодӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» таҳсил доранд, тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ даъват карда, бо кор таъмин хоҳем кард, – гуфта шуд аз ҷониби раиси «Амонатбонк» дар нишасти матбуотӣ.