Амонатбонк омода аст, ки барои ҳамкории соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони давлати ҳамсояи Ӯзбекистон мусоидат намояд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд.
– Дар мавриди сармоягузорӣ бо давлати Ӯзбекистон дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ иқдом гирифтаем. Агар соҳибкорони тоҷик хоҳиши бо соҳибкорони давлати ҳамсоя ҳамкорӣ карданро дошта бошанд, мо метавонем мусоидат намоем,- гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Ба гуфтаи роҳбарияти бонк, “агар соҳибкор хоҳиши аз ягон корхона гирифтани маҳсулот ё техникаро дошта, вале маблағ надошта бошад, миқдори қарзӣ пешниҳод мегардад. Амволи гаравро аз назар мегузаронем, зеро пардохти қарз ба зиммаи бонк гузошта мешавад. Бонки Ӯзбекистон дар асоси мактуби мо ба корхонае, ки шарики соҳибкори тоҷик аст, маблағ медиҳад. Ҳамзамон, таҷҳизот, яъне маҳсулот ворид мешавад, соҳибкор маҳсулотро бо нархи дилхоҳ қабул мекунад ва иқтидори содироти маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баланд бардошта мешавад”.