13-уми майи соли 2019 дар Душанбе нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа баргузор мегардад.
Вохӯрӣ гирди мизи мудаввар сурат гирифта, бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IАТА) гузаронида мешавад. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, мизи мудаввари мазкур дар силсилаи вохӯриҳои банақшагирифта нахустин иқдом буда, барои баррасии мушкилоти минтақавӣ, ки садди рушди авиатсияи граждании минтақа гардидаанд, ҳамчунин роҳандозии иқдомҳои муштараки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳукуматҳои кишварҳо ва ҷонибҳои дигари ба рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Осиёи Марказӣ мароқ дошта бобати афзоиши гардиши мусофирон, васеъкунии парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо имконият фароҳам меорад.
Иштирокдорони мизи мудаввар ҳамзамон шарҳи афзалиятҳои ҷории авиатсияро дар минтақа ва дурнамои иқтисодиро барои солҳои наздик, «танзими оқилона» ва татбиқи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои бехатарии парвозҳо, воридсозии аудити бехатарии истифодабарии IATA (IOSA)-ро ба танзими миллӣ, навигатсияи ба нишондиҳандаи иқтидорҳо асосёфта, таъмини устувори сӯзишворӣ, таҳлили пардохтҳои фурудгоҳӣ дар минтақа вамасъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.
Тавре интизор меравад, дар кори мизи мудаввар роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) ширкат варзида, намояндагони Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ба ҳайси нозирону коршиносон ҳузур хоханд дошт.
Ташаббускори мизи мудаввар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон бомуваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон, ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, 800 ва 900 иборат мебошад.