Ба муовини сардабири радиои “Эхо Москвы” Татяна Фелгенгауэр марде ҳамла карда, гардани ӯро захмӣ кардааст. Ин зан барандаи барномаҳои радиоии ин шабакаи маъруф мебошад. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми октябр сурат гирифтааст. Дар ин бора худи вебсайти радио иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлагар аз ҷониби муҳофизон боздошт ва ба полис таслим карда шудааст. Тибқи гуфтаи табибон ҳаёти хабарнигор зери хатар набуда, айни замон ӯ дар бемористони ба номи Склифасовский ба найчаи нафаскашӣ пайваст шудааст.

Нашрия менависад, ки шахси ҳамлагар марди ношиносе аст.

Интерфакс менависад, ки ҳолати хабарнигор сангин, вале мӯътадил аст. Чунин фарзия ҳаст, ки ҷинояткор бо хусумати шахсӣ ба журналист ҳамла кардааст, вале ҳамкорони Фелгенгауэр мегӯянд, ин гап асос надорад. Ба гуфтаи онҳо, ҳамлагар ва журналист бо ҳам шинос набуданд. Тафтишот гуфтааст, ки бояд ҳолати равонии ҳамлагар ҳам санҷида шавад, чунки дар баёноти аввалияаш натавонистааст ба саволҳо мушаххас посух диҳад.

Прокурори генералии Русия ин ҳодисаро даҳшатнок номида, гуфтааст, ки ҳодисаи рухдода дида баромада мешавад. “Вазъ таҳти назорат аст”,- гуфтааст намояндаи расмии ин сохтор.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь