Чанд ҷой дар маркази Вена ҳадафи террористони мусаллаҳ қарор гирифтааст. Полис маркази пойтахти Австрияро иҳота кардааст, амалиёти махсус барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад. Артиш ба қисмҳои полис ҳамроҳ шудааст. Конслери Австрия Себастян Курс тирандозии Венаро “ҳамлаи террористии нафратовар” номид.

“Мо ҳамлаи возеҳи террористиро аз сар гузаронидем”, гуфт вазири умури дохилии Австрия Карл Неҳаммер шоми душанбе. Ба гуфтаи ӯ, полис пайгирии ҷинояткоронро идома медиҳад. «Мо тахмин мезанем, ки онҳо чанд нафаранд ва мусаллаҳу хатарноканд», – гуфтааст Карл Неҳаммер.

Ба гуфтаи полис, тирандозӣ дар Вена якбора дар шаш ҷой кушода шудааст. “Як нафар қурбонӣ, чанд нафар маҷрӯҳанд, ки аз ҷумла дар байнашон як корманди полис ҳаст”, – навиштааст полиси шаҳр дар Твиттер. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Австрия Ҳаралд Сёрос дар шабакаи телевизионии ORF гуфт, ки шахси кушташуда роҳгузар будааст.

Мири Вена Майкл Людвиг хабар дод, ки 15 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд, ҳафт нафари онҳо ҷароҳати вазнин бардоштанд. Вай инчунин гуфт, зане, ки дар ҳамлаи террористӣ маҷрӯҳ шудааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аввалин маълумот дар бораи тирандозӣ дар Вена дар наздикии маъбад дар минтақаи Сейтенстеттенгасс тақрибан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ омадааст. Кормандони полис тақрибан фавран расиданд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин бардоштааст. Тақрибан соати 21:15 садои таркиш дар минтақаи ҳодиса шунида шудааст. Тибқи иттилои расонаҳо, як ҳамлагар маводи тарканда инфиҷор карда, худкушӣ кардааст. «Як ҷинояткор мурдааст. Ҳоло ӯ тафтиш карда мешавад, хадамоти сапёрҳо дар маҳал ҷойгиранд, зеро шубҳа вуҷуд дорад, ки дар байни чизҳояш камарбанди дорои маводи тарканда мавҷуд аст », – гуфтааст мири Вена.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь