Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” С.С. Икромӣ ва раиси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” Игор Шувалов ёддошти тафоҳум байни БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” ба имзо расонданд.

Тибқи ин санад, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои муштарак, додани қарзҳои мақсаднок ва кушодани хатҳои қарзӣ барои маблағгузории лоиҳаҳое, ки дар қаламрави Россия ва Тоҷикистон амалӣ мешаванд байни ҳамдигар ҳамкориро ба роҳ монанд.

Ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

Илова бар ин, ёддошти тафоҳум татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳо, аз ҷумла бо иштироки бонкҳои бисёрҷонибаи рушд, инчунин таҳлил ва арзёбии муштараки имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо дар асоси шарикии давлат, бахши хусусӣ, ва сохтори онҳоро дар бар мегирад.

Дар баробари ин БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” нақша доранд, ки бо маблағгузории лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки на танҳо дар Россия ва Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи минтақа амалӣ мешаванд, ба амиқсозии ҳамгироии иқтисодӣ дар фазои Авруосиё саҳм гузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь