Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавассути нома ба халқи бародари қазоқ ва президенти он Қосим-Ҷомарт Тоқаев ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ба ҳалокат расидани чандин нафар афроди низомӣ ва мулкӣ дар ин кишвар боиси андӯҳи зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки хисороти зиёди молии ин ҳодисаҳои фоҷиавӣ низ дар кишвари ҳамҷавори Қазоқистон боиси ташвиши сарварони давлат ва мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон шудааст.

Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст. “Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки изҳори ҳамдардӣ ва таслияти моро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам”, – навиштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд намудааст, ки президент Мирзиёев ба наздикону пайвандони фарзандони боҷасорати мардуқи қазоқ, ки аз тинҷиву осудагӣ ва амнияти кишвари худ дифоъ намудаанд ва ба ҳалокат расидаанд, таслият гуфта, ибрози умедворӣ кардааст, ки саломатии осебдидагони боқимондаи ин ҳодисаҳо зудтар барқарор гардад.

Ёдовар мешавем, ки баъди истиқболи соли нави 2022 дар чанд шаҳри Қазоқистон тазоҳурот ба амал омад ва сабаби онро аксарият ҳамон вақт дар болорасии нархи гази моеъ арзёбӣ мекарданд. Онҳо аз мақомот талаб намуданд, ки нархи гази моеъ зуд поён бурда шавад, коррупсия ва идораи хонаводагӣ хотима ёбад.

Онҳо ҳамзамон аз Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақозо намуданд, ки масъалаҳои зиёди иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Ин тазоҳурот бо хисороти ҷониву молӣ дар аксари шаҳрҳои Қазоқистон хомӯш гардид.

Президенти қазоқ зимни сухангӯӣ дар иҷлосияи Созмони паймони амнияти дастаҷаъӣ гуфтааст, ки кишвараш дар ин чанд рӯзи гузашта бӯҳрони шадиди сиёсиро паси сар кард.

– Ин дар тамоми таърихи 30-солаи истиқлолият мушкилтарин буд. Кишвари мо умуман ба хавфи реалӣ бо чунин сатҳ ҳаргиз дучор наомадааст. Ман мехостам ба раиси СПАД Никол Воваевич Пашинян барои кори фаврӣ дар ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ташаккур гӯям. Мехоҳам ба президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин барои фаҳмиш ва ҳалли фаврии масъалаи фиристодани контингенти посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон изҳори миннатдории махсус баён намоям, – изҳор кардааст Қосим-Ҷомарт Тоқаев.

Президенти Қазоқистон инчунин аз Александр Лукашенко, Садир Ҷапаров, Эмомалӣ Рахмон ибрози сипос намудааст, ки дар дақиқаҳои вазнин ӯро танҳо нагузоштанд ва аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ карданд.

– Таҷовуз дар як вакт 11 минтақаро фаро гирифт, аммо зарбаи асосӣ  ба муқобили Алмаато нигаронида шуд. Чунон ки маълум аст, ин калонтарин шаҳри мо ва маркази молиявии кишвар аст, ки дар он муҳимтарин узелҳои нақлиёт ва алоқа ҷойгиранд. Фурӯпошии ин шаҳр барои забт кардани тамоми ҷануби сераҳолӣ ва баъд тамоми кишвар роҳ мекушод, – қайд намудааст Қосим-Ҷомарт Тоқаев.

Гуфта мешавад, ки хисороти молии ин ҳодисаи фоҷиавӣ хеле бузург аст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь