Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 лоии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудкардашуда 510 миллион долларро ташкил медиҳад.

Раиис вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар маҷмуъ, ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1553,6 миллион долларро ташкил дода, 1348,1 миллион долар сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхуҷа Шоҳиён низ зикр кард, ки имрӯз дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии азхудшуда 202,4 ҳазор долар аст.

Раиси шаҳри Леваканд Зарина Давалтзода қайд кард, ки ҳоло дар шаҳр 8 лоиҳаи давллатии сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, ки маблағи татбиқшуда 83,6 миллион доллари амирикоиро дар бар мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь