Дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як масҷид дар минтақаи Алъуриш дар саҳрои Сино дар шарқи Миср, ҳадди ақал 235 нафар кушта ва беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд. Манбаъҳои хабарӣ мегӯянд, ки эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад.
Ин ҳодиса дар рустои Алравза иттифоқ афтод ва бештари кушташудагон аз намозгузорони ҷумъа ҳастанд. Ҳамчунин даҳҳо тан низ дар ин инфиҷор захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамлаварон эҳтимолан аввал бомб тарконида, сипас ба намозгузорон тир кушодаанд.
Президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ дар кишвараш се рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
То ҳол ҳеч кадом гурӯҳ ё ташкилоте масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар уҳда нагирифтааст.
Блоки рекламавӣ