Ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID-19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғ, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд.
Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхӯрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.
Додварз Ниёзов