Бар асари истеъмоли консерваи бодиринг ва помидор 11 узви ду оила заҳролуд гардида, 9 нафарашон дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ карда шуданд, аммо табибон ҷони яке аз онҳоро наҷот дода натавонистанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки заҳролудшудагон сокинони деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти И. Шарипови ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонанд.
Манбаъ рузи дақиқи ҳодисаро зикр накардааст, аммо мегӯяд, як нафари заҳролудшудаҳо, ки 23 сол доштааст, рӯзи 1-уми ноябр дар беморхона фавтидааст.
КҲФ ҳолати се тан аз заҳролудшудаҳо, ки аз 15 то 47-солаанд, вазнин мехонад, аммо вазъи саломатии 5 нафари дигарашонро хубтар арёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, алҳол ҳамаи заҳролудшудаҳо дар беморхона бистариянд ва муолиҷаашон идома дорад.
Мутахассисони соҳа сабаби асосии заҳролудшавии сокинонро дар шароити ғайрисанитарӣ омода кардани консерваҳо рабт медиҳанд ва маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми омода кардани консерваҳои мевагӣ бояд қоидаҳои бехатариро риоя карда шавад.