Як сӯхтори азим дар манзили сокини деҳаи Баҳор, ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент се узви як оиларо ба ҳалокат расонд. Дар ин бора Кумитаи ҳолотҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ хабар дод.

Ин сӯхтор рӯзи 2-уми июли соли равон, шабона, тахминан соати 23:18, сар зада, се нафарро ба коми худ кашидааст. Соҳиби хона ба шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрӣ бистарӣ шудааст. Духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.

Фавтидагон келини хонадон Таҳмина Арслонова 23 сол дошта, фарзандонаш Меҳваршо ва Талабшо 4 ва 3-сола будаанд.

Гуфта мешавад, ки басти навбатдории Хадамоти оташнишонии ҚМ-38-и шаҳри Панҷакент ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, якҷо бо аҳолии деҳа то соати 03:00 сӯхторро хомӯш кардаанд.

Сабаби сар задани ин оташсӯзӣ маълум нест, ҳоло мақомоти тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд ва сабабҳои онро муайян хоҳанд кард.

Акси тавзеҳӣ аз интернет

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь