Дар ду рӯзи ҳафтаи гузашта ду ноболиғ аз беэҳтиётии ронандаҳо дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
27-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 09:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер» Дадобоев Шодибой Ширинович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Руғунди шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Қалъачаи Гули Зард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ҳабибҷони Парвиз, соли таваллудаш 2018, сокини деҳаи Равғангаронро зер кардааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҳабибҷони П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Як рӯз баъд, тахминан соати 13:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамас» Орифов Қаҳрамон Абдунуъмонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Расулов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ Тошев Хуршед Турсунбоевич, соли таваллудаш 2004, хонандаи синфи 9, сокини ноҳияи мазкурро зер кардааст. Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Тошев Х.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.