Дар садамаҳои ду рӯзи охир дар кишвар чор тан ба ҳалокат расидаанд, ки дар байни онҳо ноболиғон низ ҳастанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

21-уми сентябр, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Бекматов Собир Ҳазратқулович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди деҳаи Золи Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда, Бурихонов Зувайдулло Мирзосафарович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Темуров Бурихон Мирзомуродович, соли таваллудаш 1977 ва хурдсол Бекматова Ёсамин Собировна, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Бурихонов З.М, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бекматов С.Ҳ. ва дигар мусофиронаш Бекматов Сунатулло Усмонович, соли таваллудаш 1994, Самиева Фарангиз Сайдуллоевна, соли таваллудаш 1994 ва хурдсол Бекматова Шукрона Собировна, соли таваллудаш 2017, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2019, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи “Т-16-М”, Ҷӯраев Муродалӣ Турсунқулович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи С.Табаров-1 ба самти деҳаи С.Табаров-2-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Асомиддинов Ҷӯрабек Бобошарифович, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи С.Табаров-2, хонандаи синфи 1-уми МТМУ-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Асомиддинов Ҷ.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 22-юми сентябри соли 2019, тахминан соати 15:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Саидзода Ҳалим Маҳмадсаид, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Бӯстон-Азизобод», дар худуди заминҳои хоҷагии деҳқонии Х.Амиров, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчӯби тарафи чапи роҳ бархӯрда, сипас ба дохили канали обгузар чаппа шудаст.

Дар натиҷа, худи ронанда Саидзода Ҳ.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь