Дар ҳудуди вилояти Хатлон соли 2017 ҳамагӣ 652 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 128 нафар ба ҳалокат расида, 327 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Сулаймон Исоев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфти ӯ, маблағи умумии зарар зиёда аз 6 миллиону 475 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ қайд кард, ки аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта 3 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умуми зарари расонидашуда беш аз 4 миллиону 730 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки аз ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти техногенидошта дар вилояти Хатлон соли гузашта 649 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 128 нафар ба ҳалокат расида, 360 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маблағи умумии зарар 1 миллиону 744 ҳазору 628 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар миқиёси вилоят 311 ҳодисаи сӯхтор рух додаст, ки маблағи зарар 1 милиону 744 ҳазору 628 – сомониро ташкил дода, дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидааст.
Хабар дода шуд, ки ба ҷуз ин, дар соли 2017 дар вилояти Хатлон 338 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 124 нафар ба ҳалокат расида, 360 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Тибқи иттилои ин манбаъ, дар соли 2017 ичунин дар натиҷаи риоя накардани қойдаҳои шиноварӣ ва бемаъсулиятии падару модарон, муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалиҳои руҳӣ 27 нафар шаҳрванд дар кӯл, канал ва дарёҳои вилояти Хатлон ғарқ шуда, ҷон додаанд.