Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як корманди ҳукумати шаҳри Бохтарро барои гирифтани пора дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии агентии мазкур Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, аз мақоми мансабиаш суистифода кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояш барои сафари ӯ ба ҳаҷ 80 000 сомонӣ гирифта, онро ба манфиати худ истифода кардааст.

Агентӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдураҳмонов А.А бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь