Як гурӯҳи муташаккил, ки дар Душанбе ба дуздии телевизорҳо машғул буданд, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудаанд. Онҳо хонаҳои боҳашаммат ва беназоратро зери чашм карда, аз он ҷо асосан телевизорҳои тамғаи гуногунро мерабудаанд.
Ин нафарон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 5 адад телевизори тамғаҳои гуногун ва 1 адад болопӯши мардона, ҷамъ ба маблағи 16630 сомониро дуздидаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ки пеш бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ дастгир карда шудааст. Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда бо шариконаш Алик ва Баха бо ҳамин роҳ санаи 17-уми ноябри соли 2017, вориди хонаи марди 35-солаи сокини кӯчаи Панҷрӯди пойтахт шуда, аз он ҷо 1 адад телевизори тамғаи “Самсунг”, арзишаш 5000 сомонӣ ва 16000 сомонӣ пулро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.