Рӯзи 26 апрел дар меҳмонхонаи “Ҳайат” – и шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи ҳисоботии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон доир гардид. Дар он раиси федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, директори генералии ширкати мобилии Tcell дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев бо сухани муқаддимавӣ ҷаласаро кушод. Ҳоло матни маърузаи муфассали раиси федератсияи велосипедронии Тоҷикистонро пешкаши шумо мегардонем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ин ин чорабинии муҳими варзишӣ- ҷаласаи солонаи ҳисоботии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дастовардҳои арзандаро таманно менамоям!
Қайд бояд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо ҳар сол чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор шуда, обурӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болотар мебаранд.
Дар татбиқи сиёсати ватандӯстӣ ва варзишпарваронаи Президенти кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ, сохторҳои қудратӣ ва федератсияҳои миллии варзишӣ ва ширкатҳои ватанӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки пас аз даврони шӯравӣ барои нахустин бор дар ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи велосипедронӣ таъсис дода шуда, он дар таърихи 14 апрели соли 2010 дар Вазорати адлияи кишвар аз қайди давлатӣ гузашта, ба фаъолият оғоз намуд. роҳбари Федератсияи мазкур аз соли 2021 кору фаъолият намуда, ифтихор аз он менамоям, ки дар ҳаёти варзишию иҷтимоии кишвари азизамон заррае ҳам бошад, саҳми худро мегузорам.
Дар заминаи дастуру супоришҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, муаррифии ватани маҳбубамон дар арсаи байналмиллалӣ, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон мо ҳамавақта кӯшишҳо ба харҷ медиҳем, ки дар рушди намудҳои варзиш дар кишвар пешсаф бошем.
Доир гардидани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар моҳи марти соли 2022 идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати ҶТ буда, он бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, таъмини оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардида буд.
Маҳз бо ҳидоятҳои Президенти ҶТ ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷрои ин барнома- яъне баргузории чемпионат дар Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Ногуфта намонад, ки чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ барои нахустин бор дар ҷумҳурии мо баргузор гардида, дар ин бора қаблан дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё – ҷаноби Шайх Осама Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.
Чунин мусобиқаи сатҳи баланд, яъне Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ то ин вақт фақат дар кишварҳои Баҳрайн, Мянма, Ӯзбекистон, Малайзия ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буду бас.
Тазаккур бояд дод, ки дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ-2022, ки дар Душанбе сурат пазируфт, дастаи мунтахаби мо соҳиби се медали арзишманд: 1 тилло,1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардид. Нишони тиллоро аз тими мо Ринат Батиршин дар мусобиқаи велосипедронӣ дар шоҳроҳ миёни варзишгарони то 65-сола ба даст овард, ки боиси тақдиру таҳсин мебошад.
Махсус бояд таъкид намоям, ки тайи чанд соли ахир бо талошҳои пайгирона ва кору пайкори ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳу ҷодаҳои пойтахт тармиму бозсозӣ гардида, иншооту зерсохторҳои зарурӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои қабули меҳмонону баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ омода шуданд. Бо муҳайё гардидани чунин имкониятҳои бузург муаррифии табиату гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, рушди сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи бештари одамон ба масоили экологӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам бештар мешавад.
Имрӯзҳо Федератсия бо мактабҳои варзишии маҳорати олии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти мунтатазами муштарак дошта, дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиалҳои худро доро мебошад. Ҳамзамон Мактабҳои варзишие ҳастанд, ки бо Федератсия ҳамкорӣ менамоянд ва варзиши велосипедрониро таълим медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир, мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ дар шаҳри Душанбе 27 варзишгар дорад. Инчунин, дастаи дигари намуди варзиши велосипедронӣ дар ҳамин муассиса дар шаҳри Душанбе дорои -18 варзишгар; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд-26 варзишгар; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ дар вилояти Суғд шаҳри Бустон-22 варзишгар ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Дӯстӣ-21 варзишгарро дорад, мебошанд.
Дар моҳи августи соли 2023 бошад, дар шаҳри Глазгои Шотландия Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор шуда, дар он аввалин бор узви мунтахаби кишвари мо – Комрон Қодиров ширкат ва ҳунарнамоӣ кард. Дар Конгресси велосипедронии Глазго ман ҳамчун роҳбари федератсияи миллии велосипедронии кишвар ширкат намудам.
Дар хотима ҳаминро бояд қайд намоям, ки ман ҳамчун Раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, ки сарпарастии онро ширкати Тсеll ба ӯҳда дорад, аз бурду бохти варзиш, комёбиҳо ва пешрафти соҳа, ғамхории роҳбарияти олии мамлакат, масъулини ҳукумат ва талошҳои Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб огоҳӣ дорам. Ширкати мо ҳамчун сарпарасти Федератсияи велосипедронии ҶТ ба ин ташкилоти варзишӣ ҳамеша кӯмак карда, дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон саҳм мегирад, ҳамзамон дар доир кардани машқу тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба велосипедронӣ, ки кишвари моро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард, мунтазам саҳми худро мегузорем.