Дар натиҷаи пурсиши қаноатмандии кормандони Бонки Эсхата муайян гардид, ки аксарият кормандони Бонк дар ҷои корӣ худро хушбахт ҳис мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки кормандон аз мавқеъ, маош ва муносибатҳои дохилии корпоративии худ қаноатманданд.

Назарсанҷии мазкур дар чаҳорчӯбаи Нахустин озмуни байналмилалии ширкатҳои зинда таҳти унвони “Бахт дар ҷои корӣ” аз ҷониби Маркази миллии ассессмент дар ш.Тошканд ташкил ва баргузор шуд, ки дар он беш аз 100 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Бонки Эсхата иштирок доштанд.

Бонки Эсхата дар озмуни “Бахт дар ҷои корӣ!” фаъолнокӣ нишон дода, ба даври финалии озмун баромад. Бонк ҳамчун яке аз ширкатҳое эътироф шудааст, ки дар сатҳи байналмиллалӣ баҳои баланди  “Индекси бахт”-ро соҳиб гашта, аз ҷониби ҷомеаи касбӣ эътироф шудааст.

«Индекси бахти ширкат дар асоси баҳодиҳии кормандон аз рӯи 12 меъёре, ки коршиносони Маркази миллии ассессмент таҳия кардаанд, ҳисоб карда мешавад. Дар асоси таҷрибаи якчандсолаи ҳамкорӣ бо корпоратсияҳои бузург, бо дарназардошти принсипҳои ESG (Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ) ва тамаркуз ба афзалиятҳои фарогирӣ ва тавозуни гендерӣ, мо саволномаеро таҳия кардем, ки барои мо имкон медиҳад, ки таҳлили ҳамаҷониба гузаронем. Татбиқи чунин ташаббус махсусан муҳим буда, имконият медиҳад, ки кушишҳо дар ҳар як ташкилот ба масъалаҳои воқеан ҳам мубрам равона карда шаванд», – гуфт раиси ҳакамони озмуни байналмилалии «Бахт дар ҷои корӣ» Тимур Ёдгоров.

Маросими ҷоизасупорӣ дар толори калони конфронси меҳмонхонаи «Хилтон Сити»-и Тошканд дар доираи Форуми байналмилалии менеҷмент баргузор шуд. Иштирокчиёни он намояндагони тиҷорати гуногун аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Русия буданд.

Барномаи конфронс масъалаҳои идоракунии кадрҳо, рушди фарҳанги корпоративӣ, инчунин мавзӯъҳои марбут ба робитаи қаноатмандии кормандон ва натиҷаҳои кори онҳо дар “Ширкатҳои хушбахт” буд.

Дар нишасти мазкур Бонки Эсхатаро Малика Алимбоева, cардори Департаменти кор бо кормандон ва Азиза Ғафурова, менеҷер оид ба рушди кадрҳо ширкат доштанд.

Малика ба ҳозирин таърихи Бонк, марҳилаҳои рушди он, омор, таҷрибаи ташаккули фарҳанги корпоративии Бонки Эсхатаро муариффӣ намуд.

“Ташаккул додани муҳите, ки одамон дар он рушд мекунанд, муваффақ мегарданд ва худро бароҳат ҳис мекунанд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва кадрҳо мебошад. Пушида нест, ки коргарони хушбахт гарави иқлими мусоид дар коллектив, ободӣ ва музаффариятҳои калон ҳастанд.

Мо мехоҳем, ки кормандони Бонк дар фаъолият худро хушбахт ҳис кунанд. Онҳо имкони худшиносӣ ва болоравии мансаб, қимат ва аҳамияти кори худро ҳис кунанд, аз шароите, ки бонк барои онҳо фароҳам овардааст, қаноатманд гашта, бо ҳавасмандгардонии моддию ғайримоддӣ таъмин бошанд”, – гуфт Малика Алимбоева, cардори Департаменти кор бо кормандони Бонки Эсхата.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь