Академияи илмҳои Русия ба ОИР “Новости” хабар додааст, ки мутахассисон 3 номгӯйи доруро коркард карданд, ки барои табобати сироятшудагони коронавирус равона шудааст.
Роҳбари бахши илмҳои тиббу биологияи Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин 3 доруро номбар карда, гуфтааст, ки Вазорати тандурустӣ ба онҳо таваҷҷӯҳи хос дорад: “Триазавирин (истеҳсоли шӯъбаи Уралии Институти синтези органикӣ) , фавипиравир (коркарди якҷояи Институти синтези органикӣ бо Институти химияи органикии ба номи Зелинскии Маскав, ки пештар дар Ҷопон сохта шудааст), фортепрен (дар Маркази миллии эпидемологӣ ва микробиологӣ ба номи Гамле ва Институти химияи органикӣ дар асоси доруи фоспренил, ки барои табобати инфексияи коронавирус дар ҳайвонот пешбинӣ шуда буд).