Соли 2019 ба ноҳияи Айнӣ 7 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихиву истироҳатӣ дидан кардаанд.
Ин нуктаро раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм зимни нишасти матбуотиаш, ки 28-уми январ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарони ҳамаи сохторҳои ноҳия ва доираи васеи рӯзноманигорон доир гардида буд, баён кард.
Мурозода Муқим Қаюм иброз намуд, ки ҳоло дар ноҳияи Айнӣ дар самти сайёҳӣ омори дурусте мавҷуд нест.
– Рӯзҳои шанбеву якшанбе миқдори зиёди сайёҳон ба мавзеи Искандаркӯл меоянд, аммо дар мавриди вуруди онҳо омори дурусте нест, ки ин масъаларо баррасӣ намояд, – зикр кард Муродзода Муқим. – Минбаъд дар мавсими вуруди сайёҳон, раёсати омор ва хоҷагии ҷангали ноҳия вазифадор гардидааст, ки ташрифи сайёҳонро зери назар гирифта, дар ин самт омори дурусро таҳия кунад.
Ба қавли Муродзода, то соли 2021 дар ноҳияи Айнӣ сохтмони 499 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин миён ба бунёди биноҳои аҳмияти сайёҳидошта, таваҷҷуҳи асосӣ равона гардидааст.
– Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаҳои “Варз”, “Зумрад”-и Искандаркӯл, “Нури Раҳмон”, “Суғд” ва “Қаҳрамон” фаъолият намуда, омодаанд, ки дар ҳама фасли сол сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул кунанд. Дар деҳаҳои баландкӯҳ ва шафати роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ растаҳои фурӯши армӯғон ташкил шудааст, ки дар он сокинон маҳсулоти кишоварзии ғулинг, аштақ, ҳамелҳои ҳархела ва қурутро пешкаши сайёҳон мегардонанд, – таъкид намудраиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим дар нишасти матбуотӣ.