Барои иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз интиқоли вируси Сovid-19, Маркази санитариву эпидемологии ноҳияи Айнӣ, шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел дар ҳудуди ноҳия корҳои зиддиуфунӣ мегузаронад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Ҳукумати ноҳияи Айнӣ тадбирҳои зиддиуфунӣ ва безараргардонии сартосарӣ асосан дар нуқтаҳои серодам ва муассисаву корхонаҳо гузаронида мешавад.
– Баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия миқдори зарурии маҳлулҳои безараргардонӣ, сару либос барои мутахассисон ва дигар маводи соҳавӣ захира шудаанд, – гуфтанд аз бемористони марказии ноҳияи Айнӣ.
Гуфта мешавад, ки корҳои зиддиуфунӣ дар ноҳияи Айнӣ, то анҷоми паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар тамоми ҷаҳон, идома хоҳад ёфт.