Барои пурзӯр кардани чораҳои пешгирикунанда ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миён сокинон,  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ба муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия 80 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ба иттилои Беморхонаи марказии ноҳия, дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи мазкур 40 кати махсус ва дар шифохонаи  шаҳраки Зарафшон 20 кат дар ҳолати омодабош гузошта шудаанд. Дар ҳолатҳои муайян намудани нишонаҳои монанд ба коронавирус, бемор ба қарантини хонагӣ гирифта шуда, сипас тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол меёбад.

– Ҷиҳати  таъмини бехатарии кормандони тиб хилъатҳои бисёркаратаи тиббӣ ба миқдори 175-то, хилъатҳои яккаратаи тиббӣ – 235-то, ниқобҳои яккаратаи тиббӣ – 2260-то, маводи безараргардонии гипохлориди калсий – 260 кг, маводи шӯянда – 74 кг, 90 адад ҳароратсанҷи оддӣ ва як адад ҳароратсанҷи махсус захира карда шудаанд, – гуфтанд аз Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь