Дар мавсими навбатии сафарбарии ҷавон ба хизмати ҳарбӣ, аз ноҳияи Айнӣ, 30 нафар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.

Маросими гусели наваскарон субҳи 3-юми апрел дар назди бинои Қасри фарҳанг бо иштироки роҳбарити ноҳия ва сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия баргузор шуд.

Дар ҷараёни маросими даъват роҳбарони сохтору ташкилотҳо ва волидайни наваскарон суханронӣ карда, зикр намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои  мусаллаҳ  қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихору  шарафи ҳар ҷавон маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин ҳол, тамоси хабарнигори вебгоҳи хабарии Farazh.tj,  бо комиссарияти ҳарбии  ноҳияи Айнӣ,  ки мехост аз ҷараёни маросими гусели наваскарон, шумораи аниқи ба хизмат даъватшудагон ва омодагӣ ба шароити даъват маълумоти иловагӣ гирад, натиҷае надод.

Аз Комисарияти ҳарбӣ гуфтанд, ки “дар ин масъала аз чизе хабар надорем ва маълумоте дода наметавонем”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь