Тибқи иттилои ТАСС шумораи сироятёфтагон дар Русия ба 32 ҳазору 8 нафар расидааст ва мувофиқи ин нишондод Русия аз рӯи шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи 11-ум қарор дорад.
Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс дар ҷаҳон то имрӯз, 17-уми апрел, 2 миллиону 158 ҳазору 594 ҳодисаи тасдиқшудаи сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи қурбониён 145 ҳазору 533 нафарро ташкил мекунад.
Дар зарфи як рӯз, шумораи мубталоён дар ҷаҳон 94 ҳазору 794 нафар афзуда, шумораи нафароне, ки аз сабаби сироятёбӣ ба коронавирус фавтидаанд, 13 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.
Иёлоти Муттаҳида аз рӯи шумораи беморӣ ва фавт дар ҷаҳон пешсаф аст, ки дар ин кишвар 33 ҳазору 286 нафар фавтида ва 671 ҳазору 331 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд.
Мувофиқи омори охирине,ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон гардидааст,д ар Испания шумораи мубталоён ба 184 ҳазору 948 нафар расидааст ва 19 ҳазору 315 нафар фавтидаанд. Дар Италия – 168 ҳазору 941 сироятёбӣ ва 22 ҳазору 170 фавтидаанд, Фаронса – 147 ҳазору 91 ҳолати сироятёбӣ ва 17 ҳазору 920 ҳолати марг, Олмон – 137 ҳазору 698 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ва 4 ҳазору 52 ҳолати фавт, Бритониёи Кабир – 104 ҳазору 177 ҳолати сироятёбӣ ва 13 ҳазору 729 ҳолати марг, Эрон – 77 ҳазору 955 ҳолати гирифторӣ ба вирус ва 4 ҳазору 869 ҳолати фавт, Туркия – 74 ҳазору 193 ҳолати сироятёбӣ ва 1 ҳазору 647 ҳолати марг, Белгия – 34 ҳазору 809 ҳолати сироятёбӣ ва 4 ҳазору 857 ҳодисаи фавт, Канада – 30 ҳазору 973 ҳодисаи сироятёбӣ ва 1 ҳазору 231 ҳодисаи марг, Бразилия – 30 ҳазору 683 ҳодисаи сироятёбӣ ва 1 ҳазору 947 ҳодисаи фавт, Нидерландия – 29 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ ва 3 ҳазору 327 ҳодисаи марг, Русия – 27 ҳазору 938 ҳодисаи сироятёбӣ ва 232 ҳодисаи фавт, Швейтсария – 26 ҳазору 732 ҳодисаи сироятёбӣ ва 1 ҳазору 281 ҳодисаи марг бо сабаби мубталошавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.