Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи ҷиҳоди Афғонистон, дар як баёния Толибонро ба музокирот даъват кардааст. Дар ин бора хабарнигори Тулуънюс иттилоъ медиҳад.
Бино бар итилои манбаъ, ӯ гуфа, ки омодааст, то аз тариқи музокирот як давлати ҷомеъ бо Толибон ташкил диҳад. Аммо ташкили давлате ифротгароёна қобили қабул нахоҳад буд, таъкид доштааст ӯ.
Вай дар ин паём афзуда, ки ҳозир аст, дар сурати эҷоди шароит барои сулҳ ва амният аз хуни падараш низ бигузарад.
Аммо, дар ҳамин ҳол боз ҳам Тулуъ-нюс хабар медиҳад, ки ҳамин акнун ҷанги шадид миёни Нируҳои муқовимат ва Толибон дар Соланги Ҷанубӣ идома дорад. Гуфта мешавад, ки даҳҳо адад воситаҳои нақлиёт ва ҷангии Толибон вайрон ва валангор шуда талафоте ҳам дар пай доранд.
Ин дар ҳолест, ки баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ ва қисме аз ашхоси таъсиргузор дар ин кишвар Толибон 15-уми август Афғонистонро зери тасарруфи худ қарор доданд, вале Панҷшер бо нерӯи Аҳмад Масъуд омодагии набардашро бо Толибон эълон дошта буд.
М. Наҷибӣ