Шумораи маъюбони то синни 18-сола дар кишвар беш аз ду ҳазор нафар зиёд шудааст. Агар теъдоди маъюбони мазкур то 1-уми январи соли 2021-ум 29 793 нафарро ташкил дода бошад, 1-уми январи соли 2022-ум он ба 31 803 нафар расидааст.

Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода имрӯз, 7-уми феврал, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, то синни 18-сола маъюбон ба гуруҳҳо ҷудо карда намешаванд. Дар ин муддат танҳо дар маҷмуъ ҳисоб мешаванд.

– Пас аз он ки маъюб ба синни 18-солагӣ расид, муайян карда мешавад, ки ӯ қобилияти меҳнатӣ дорад, ё не? Ба ҳамин хотир, баъдан маъюбон аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба гуруҳҳо: якум, дуюм ва сеюм ҷудо карда мешаванд, – гуфт Давлатзода.

Тибқи иттилоъ, ба истиснои маъюбони то синни 18-сола, шумораи умумии маъюбони калонсол дар кишвар 125 976 нафарро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба гуруҳи якум 16 891 нафар, ба гуруҳи дуюм 75 640 ва ба гуруҳи сеюм 33 445 нафар шомиланд. Барои пардохти нафақаи нафақагирони маъюб аз ҳисоби давлат дар як моҳ 51,9 миллион сомонӣ ҷудо мегардад, ки ҳаҷми миёнаи он 328,9 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 749 817 нафарро ташкил додааст, ки аз шумораи мазкур 157 779 нафар, ё 21,04 дарсад, нафақагирони маъюб мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь