Роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон дар ҷараёни нишасти матбуотиаш, ки 21-уми июл доир гардид, гуфт, истифодабарандагони об дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 5 млн сомонии ҳаққи истифодаи обро пардохт накардаанд.

Дар шарҳи ин масъала Холмурод Раҳмон илова кард, ки бо вуҷуди обро то сари замин бурда ба кишоварзон супоридан, онҳо ҳамагӣ 75 фоизи ҳаққи хизматро пардохт кардаанд. Қарзи истифодабарандагони об бо дарназардошти солҳои пеш 140,3 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин малъала мавсуф таъкид кард, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва прокуратура ба маблағи 20,67 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 3,39 млн сомонӣ сомонӣ рӯёнида шуда, боқимонда бо маблағи 17,27 млн сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь