Соли 2022 дар вилояти Хатлон 579 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин нисбати соли 2021-ум 52 нафар зиёд аст. Дар ин бора имрӯз, 1 феврал, Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, хабар дод.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бештари фарзандхондӣ дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (61 кӯдак), Қубодиён (55), Бохтар (51), Хуросон (42), Дӯстӣ (30),  Ёвон (28) ва Кӯлоб (29 кӯдак) аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь