Дар Тоҷикистон маҳбусоне, ки бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар афв шудаанд, ба озодӣ баромаданд.

25-уми октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонун дар бораи афвро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар ба тасвиб расонд, ки парлумони кишвар тасдиқ кард. Маҳкумшудагон дирӯз, 27-уми октябр, раҳо карда шуданд.

Аз ҳама аввал занон озод карда шуданд. 187 маҳкумшуда аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак ва инчунин 60 нафар ноболиғ озод шудаанд, гуфтааст сардори Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба ОИ «АП».

Имрӯз 558 маҳкумшуда, ки дар муассисаи ислоҳии №7-и пойтахт, ки дар маҳаллаи Советский адои ҷазо мекарданд, низ озод карда шудаанд.

Гуфта мешавад, 794 маҳкумшудае, ки ҷазоро дар маҳбаси Ёвон адо мекарданд ва 48 нафар аз маҳбаси махсуси воқеъ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт, ки дар он ҷо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, озод карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 1,6 ҳазор маҳбус раҳо карда шудаанд.

Қонуни афв ба беш аз 20 ҳазор нафар татбиқ карда мешавад. Тақрибан 600 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, 3100 маҳбус аз муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 маҳбусе, ки дар зиндонҳои табъидӣ буданд, минбаъд аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Дар акс: Баромадгоҳи муассисаи ислоҳии №7-и пойтахт. Акс аз «АП»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь