Дирӯз  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ташаббуси Иёлоти  Мутаҳидаи Амрико “Ҳафтаи  таҳсили  байналмилалӣ” баргузор гардид. Дар ин намоиш, сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм дар Тоҷикистон баромад карда,  аз номи сафорат минатдории хешро ба иштирокчиён иброз дошт.

Дар маҳфили мазкур марказҳои таълимии амрикоӣ, донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ,  Сафорати Британия ва чанд ташкилоту донишгоҳҳои хориҷӣ иштирок карда, ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон дар бораи барномаҳои таълимии худ ва имкониятҳои таҳсил дар он ҷо маълумот пешниҳод карданд.

Намоиши мазкур  то 22-юми ноябри соли ҷорӣ давом мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь