Як афсари собиқи Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафтаву дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат кардааст.
Хисамов Денис Франгизович 18-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия таваллуд шудааст, шаҳрванди Федератсияи Русия, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ будааст. Ӯ собиқ корманди Вазорати мудофиаи Федератсия Россия бо рутбаи капитан аст.
Дар моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст. Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат карда, моҳи апрели соли 2017 ҳангоми баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби полиси Ҷумҳурии Туркия дастгир гардидаааст. Азбаски ӯ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт, аз ҷониби полиси ин кишвар Тоҷикистон фиристода шудааст. Хисамов Денис барои содир намудани ҷиноят қасди баргаштан ба Федератсияи Русияро доштааст. Аз маркази матбуоти ВАКД ҶТ хабар доданд, ки тафтишу санҷиши ӯ идома дорад.