Сокинони Йоханнесбург, бузургтарин шаҳри Африқои Ҷанубӣ, субҳи 10-уми июл аз хоб бедор шуда, дар назди тирезаҳояшон барфро диданд. Моҳи июл дар нимкураи ҷанубӣ фасли зимистон аст, аммо дар тӯли 10 сол дар ин ҷо барф наборида буд.

Мақомоти Африқои Ҷанубӣ ба мардум тавсия додаанд, ки либоси гарм пӯшанд, зеро ҳавои сард қисми зиёди кишварро фаро гирифтааст ва ҳадди аққал як ҳафта дар ин ҷо хоҳад монд.

Сухангӯи Хадамоти ҳавосанҷии Африқои Ҷанубӣ (Saws) гуфт, “то ҳол бориши барф мушкилоти ҷиддие ба вуҷуд наовардааст”.

Сокинони Иоганнесбургро кӯчаҳои пурбарф чун манзараи нодир мафтун кардааст. Барф дар як қатор вилоятҳои Африқои Ҷанубӣ, аз ҷумла Кейпи Шарқӣ, Мпумаланга ва минтақаи Гаутенг, ки Йоханнесбург ва Соуеторо дар бар мегирад, боридааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь