Зилзилаи сеюм дар як ҳафтаи гузашта дар ғарби Афғонистон рух дод. Дар ду ҳодисаи қаблӣ беш аз 2000 кас кушта шуданд.
Пажӯҳишгоҳи геологии ИМА (USGS) хабар дод, ки заминларзаи 6,3 дараҷаӣ, ки маркази он дар умқи 6,3 километр дар 34 километрии Ҳирот, севвумин шаҳри бузурги Афғонистон, рух додааст.
Ба гуфтаи созмони байналмилалии “Пизишкони бидуни марз” дар Ҳирот ду кас кушта ва беш аз 150 кас бо захм дар бемористон бистарӣ шудаанд. Теъдоди кушташудагон ин дафъа хеле камтар аст, аммо эҳтимол дорад, ки пас аз расидани кумак ба рустоҳои осебдида шумори онҳо афзоиш ёбад.
Яҳё Калила, мудири барномаи “Пизишкони бидуни марз” дар Афғонисто,н ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки эҳтимоли теъдоди кушташудагон кам аст, зеро мардум, ки аз заминларзаи қаблии 7-уми октябр тарсида буданд, на дар хонаҳои худ, балки дар хаймаҳо дар кӯча хобидаанд.
Пас аз заминларзаҳои аввал одамон хеле тарсиданд, ки ба хона баргарданд, аммо ба зудӣ ҳаво хеле сард хоҳад шуд, ки дар берун хоб кардан имкон надорад.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат Афғонистон дар бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошт ва кумакҳои байналмилалӣ, ки қаблан мустақиман ба ҳукумати ин кишвар мерафт, қатъ шуд.
Дар моҳи июни соли гузашта заминларзаи 5,9 дараҷаӣ дар вилояти Пактиё рух дод, ки бар асари он беш аз 1000 кас кушта ва даҳҳо ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.