Мақомоти Афғонистон мехоҳанд бо Тоҷикистон равобити хуб барқарор кунанд ва гӯё ду тараф дар рӯзҳои ахир табодули назар кардаанд. Дар ин бора муовини котиби матбуотии ҳукумати Толибон Ҳамдулло Фитрат хабар дод, иттилоъ медиҳад TOLOnews.

«Аморати Исломӣ мехоҳад бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон равобити хуб дошта бошад. Азбаски Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмонист, мо мехоҳем равобити хуб дошта бошем. Ба наздикӣ ҳайатҳои ҳарду ҷониб мулоқот карданд ва мо умедворем, ки дар оянда дар муносибатҳои мо пешравӣ ҳосил хоҳад шуд», – гуфтааст Фитрат.

Вай дар ин бора дар мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои хусусии Кобул изҳорот додааст. Фитрат таъкид кардааст, ки боздиди намояндагони ҳарду ҷониб бештар шудааст, вале аз мулоқоти мушаххас ёдовар нашуда афзудааст, ки марзҳои кишвар барои намояндагони тиҷорат боз аст.

«Муносибатҳои сиёсии мо бо Тоҷикистон беҳтар мешаванд ва дар муқоиса бо гузашта тафовут вуҷуд дорад. Хайати вакилони онхо ба ин ҷо омаданд, ҳайати вакилони мо ба он ҷо рафтанд. Худо хоҳад, равуо зиёд мешаванд. Тиҷорати мо низ аз гузаргоҳи Шерхон Бандар мегузарад ва мо ҳеҷ мушкиле надорем”, гуфтааст сухангӯи Толибон.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳорот вокуниш нишон надодаанд ва то куҷо дуруст будани ин хабарҳо маълум нест. Қаблан Душанбеи расмӣ ҳеҷ гоҳ аз мулоқот бо ҳайатҳои Толибон хабар надода буд.

Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Толибон иртиботи расмии сиёсӣ надорад ва аз замони ба даст овардани қудрат дар Афғонистон барои бори дуюм дар моҳи августи соли 2021 аз ин гуруҳ интиқод мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь