Дар ҷараёни маросими савгандёдкунии президентӣ дар Афғонистон, 9-уми март, ду таркиш ба амал омадааст. Дар ин бора Интефакс дар такя ба Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.
Рӯзи гузашта дар Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба унвони президент савганд ёд кард, аммо рақиби ӯ доктор Абдулло Абдулло маросими савгандёдкунии ӯро қабул накарда, ҳамчун президент худ маросими савгандёдкунӣ баргузор кард.
Шоми 9-уми март телевизиони “Тулунюз” гузорише пахш кард, ки дар он Ғанӣ дар қасри президентӣ бо иштироки дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла фиристодаи махсуси ИМА Залмай Халилзад, савганд ёд мекунад.
Дар айни замон Абдулло Абдулло дар маросими савгандёдкуниаш натоиҷи интихоботиро қабул накарда, гуфт “ҳатто гуфтушунид байни ду лагер бо дахолати оқои Халилзод низ самаре надод”.
Дар ҳамин ҳол нерӯҳои амрикоӣ барои хуруҷи ибтидоии артиши худ аз Афғонистон оғоз кардаанд. Сухангӯи артиши ИМА дар Афғонистон полковник Соннӣ Леггетт гуфтааст, ки ИМА бо нақшаҳои коҳиши шумораи нерӯҳо дар кишвар шурӯъ кардааст ва дар чор моҳи оянда артиши худро аз 13000 ба 8600 нафар кам хоҳад кард.
ИМА хурӯҷро ба суботи сиёсии Афғонистон ё ягон натиҷаи мушаххас аз музокироти сулҳи афғонӣ рабт надодааст. Вазири дифои ИМА Марк Эспер рӯзи 2-юми март гуфт, ки вай алакай оғози хуруҷро тасдиқ кардааст, ки онро бо фармондеҳи низомӣ дар Афғонистон низ ҳамоҳанг хоҳад кард.