Афғонистон лоиҳаи бунёди канали азими «Қуштеппа»-ро дар вилояти Балх дар марз бо Туркманистон фаъолона амалӣ мекунад. Оғози сохтмони он як сол пеш эълон шуда буд.

Тӯли канали нав бояд 285 километр, бараш 100 метр ва умқи он 8,5 метр бошад. Канал аз дарёи Аму дар ноҳияи Калдори вилояти Балх сарчашма мегирад. Оби канал аз худи ҳамин дарё гирифта мешавад. Иқтидори канал 650 мукаабметр метр дар як сония хохад шуд.

Давлати Толибон бар ин бовар аст, ки ин тарҳ ба обёрии манотиқи хушк кумак мекунад ва ин ба рушди кишоварзӣ такон хоҳад бахшид. Холо дар сохтмони канал зиёда аз 6 хазор кас иштирок доранд. Дар охири моҳи ноябри соли 2022 дарозии қитъаи анҷомёфта тақрибан чил километрро ташкил медод. Анҷоми лоиҳа то соли 2028 пешбинӣ шудааст.

Коршиносон аз он ҳарос доранд, ки ҳангоми ба истифода додани канали Қуштеппа вазъи ҳавзаи об дар минтақа башиддат вахим мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои охир дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна камбуди об бештар эҳсос мешавад. Аз ҳама бештар Ӯзбекистон ва Туркманистон зарар мебинанд.

Хукуматдорони Кобул танхо бо сохтмони канали Қуштеппа махдуд шуданй нестанд. Афгонистон сохтмони комплекси электрикии обии Дашти Ҷумро ба накша гирифтааст, ки дар он қисми зиёди маҷрои тобистонаи дарёи Панҷ ҷамъ карда мешавад. Ҳамин тариқ, Толибон қасд дорад ҳиссаи худро аз обҳои дарёҳои фаромарзии шимолӣ бигирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь