Навбати дуюми сохтмони канали Қуштеппаи Афғонистон 58 дарсад иҷро гардид. Он баъд аз панҷ сол ба истифода дода мешавад, гуфт намояндаи лоиҳакашии ширкати миллии канали Қуштеппа Саид Забеҳулло Мирӣ.
Ҳоло дар сохтмони ин канал 3,5 ҳазор одам ва 3 ҳазор техника иштирок доранд. Тибқи нақшаи Толибон (ҳаркати дар Тоҷикистон мамнуъ), канали Қуштеппа бояд се вилояти шимоли Афғонистон, аз Балх тавассути Ҷузҷон то ноҳияи Анхойи вилояти Форёбро бо об таъмин кунад. Бар асари ҷангҳои тӯлонӣ дар Афғонистон шабакаи обрасонӣ корношоям шудааст.
Деҳқонони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо вуҷуди ҳамсоягии он ба соҳилҳои дарёи Омӯ, ки солҳои тӯлонӣ аз беобӣ ранҷ мебурданд, метарсанд, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани канали Қуштеппа вазъи онҳо боз ҳам бадтар мешавад.