Истеҳсоли афюн дар Афғонистон бо вуҷуди мамнуияти Толибон дар соли 2024-ум 19 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ хабар дода шудааст.
Тибқи маълумот, афзоиши истеҳсоли маводи мухаддир пас аз коҳиши 95% дар соли 2023 ба қайд гирифта шудааст.
Омили асосии эҳёи истеҳсоли афюн метавонад динамикаи бозор дар якҷоягӣ бо мушкилоте бошад, ки деҳқонон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар нимаи аввали соли 2024, нархи истихроҷи афюни хушк барои як килограмм тақрибан 730 долларро ташкил дод, ки нисбат ба нархи қабл аз мамнуъ баландтар – тақрибан 100 доллар барои як килограмм аст.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки 59 дарсади афюн дар вилоятҳои шимолу шарқии ин кишвар тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан чор баробар афзоишро нишон медиҳад.
«Нархҳои баланд ва кам шудани захираи афюн метавонад деҳқононро водор кунад, ки ин мамнуиятро сарфи назар кунанд, бахусус дар минтақаҳои берун аз марказҳои парвариши анъанавӣ, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя. Деҳқононе, ки дигар имкон надоранд ва дар тангии шадиди молиявӣ қарор доранд, ба дастгирӣ ниёз доранд”, гуфта мешавад дар изҳорот.