19 декабр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо пардохти 9,36 миллион евро қисми транши дуюми “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II” дар Тоҷикистонро эълон карданд.    

Адолат, самаранокӣ, ва сифати беҳтари тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ принсипҳои бунёдии ҳамин дастгирии буҷет маҳсуб меёбанд. Мақсади “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” мусоидат дар ноил гаштани ҳадафҳои асосии сиёсат дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад, ки ин дар навбати худ имконияти дастгирии боз ҳам самарабахшро ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ фароҳам меоварад.   

Дар доираи бахши тандурустӣ ҳадафи Барнома таҳкими таъмини саривақтӣ ва бо нархҳои мувофиқ дастрас кардани маводи дорувории босифат ба муассисаҳои  ёрии аввалияи тиббию санитарӣ  ва беморхонаҳои ноҳиявӣ мебошад. Дар доираи бахши ҳифзи иҷтимоӣ, Барнома ба Тоҷикистон дар иҷроиши талаботи техникӣ, ки барои татбиқи ислоҳоти низоми нафақа ва таъмини фарогирии умумимиллӣ ба ҳама гурӯҳҳои марбут зарур мебошанд, ёрӣ мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 “Барномаи дуюми дастгирии рушди инсонӣ”-ро ба ҳайси барнома барои дастгирии татбиқи ислоҳот дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имзо карданд.    

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь