Дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандрустиро нигарон кардааст.

Ҷӯрабой Саидов

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷӯрабой Саидов, зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки танҳо давоми моҳҳои сипаригардидаи соли 2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 54 пизишк корро бас карда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

-Дар соли 2020 ин нишондиҳанда кам буд. Дар ин сол ҳамагӣ 29 пизишк ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки сабаби тарк кардани касби пизишкӣ ва ба муҳоҷират рафтани дуктурҳо мушкили иқтисодӣ, камии музди меҳнат ва дигар омилҳо мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки акчари пизишкони хатлоние, ки тарки муасссиаҳои тандурустии вилоят кардаанд, дар хориҷ аз  кишвар касбашонро давом додаанд.

Зикр карда шуд, ки танҳо дар соли 2020-2021 аз ноҳияҳои  Ҷалолидини Балхӣ 12  , Ёвон 12 , Панҷ 14, ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ 8 пизишк ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардаанд.

Манбаъ гуфт, бо рафтани пизишкон ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар соҳаи тандурустии вилоят мушкили кадрӣ дида мешавад, ки айни замон ба 1 ҳазору 44 пизишк эҳтиёҷ ҳаст.

– Дар масъалаи рафтани пизишкон ва норасоии кадрӣ мо ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо ва раиси вилоят мактуб низ фиристода будем, ки бояд пизишкон ҳавасманд карда шаванд, зеро мушкили асосии пизишкон надоштани манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ аст. Бояд онҳо бо замин, манзили истиқоматии муваққатӣ таъмин карда шаванд, то дилпурона ба кори худ идома диҳанд ва  тарки кишвар накунанд, – гуфт  бо нигаронӣ Ҷурабой Саидов.

Ёдовар мешавем, чанде пеш сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Олими Ашуралӣ низ аз тарки соҳаи маориф кардани омӯзгорон дар вилояти Хатлон изҳори ташвиш карда гуфта буд, ки танҳо дар моҳҳои сипаригардидаи  соли ҷорӣ аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 750 омӯзгор тарки мактба карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо сафар карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь