Дирӯз дастаи мунтахаби наврасони футболбози то 16-солаи дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бо дастаи мунтахаби Шри-Ланка бозӣ кард ва бо натиҷаи 8:0 пирӯз шуд.
Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (чор гол), Муҳаммадворис Саидалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов (як голӣ) ба ҳадаф расониданд.
18-уми сентябр шогирдони Аҳлиддин Турдиев бозии навбатии худро муқобили дастаи мунтахаби наврасони Кувайт баргузор мекунанд. Оғози вохӯрӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар айни ҳол футболбозони навраси тоҷик бо се хол ҷадвали гурӯҳи «А» якум ҳастанд.
Гурӯҳи «А»
Бозии 1-ум
14 сентябр (шанбе)
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри-Ланка – 2:0
Бозии 2-юм
16 сентябр (душанбе)
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Блоки рекламавӣ