Дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 15 шаҳру ноҳия, аз ҷумла дар вилояти Суғд шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Дӯстӣ, Носири Хусрав, Темурмалик ва Ховалинг, дар ВМКБ ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ва дар ноҳияҳои тобеи марказ шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Файзобод ва Сангвор аз уҳдаи иҷрои қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баромадаанд.
Ин нуктаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Давлатмуродзода Дилмурод 21-уми июн зимни нишасти хабарии ниҳодаш изҳор дошт.
Номбурда таъкид кард, ки 53 шаҳру ноҳияи боқимонда дар шумули 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 20 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 6 шаҳру ноҳияи ВМКБ, 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва 6 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистаанд.