Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи забон бо паёми махсус табрик гуфт ва худ аз сарони кишварҳои дунё ба муносибати зодрӯзаш шодбошиҳо қабул кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Рӯзи забон ҳамасола 5-уми октябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ба зодрӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон рост омадааст.

Имрӯз Президенти Русия Владимир Путин дар суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик карда, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт, хабар медиҳад сомонаи president.tj.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко низ Сарвари давлати Тоҷикистонро шодбош гуфта, саҳми бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмонро президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ дар суҳбати телефонӣ бо зодрӯзаш табрик кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 65-сола шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь